чарх


чарх
I
[چرخ]
асоси замони ҳозира аз чархидан
II
[چرخ]
1. ҳар чизи гирд, ки ба даври меҳвари худ мегардад, ғилдирак; чарх задан; а) гирд гаштан, давр задан; б) гардиш кардан, роҳ рафта тамошо кардан; чарх задани сар гирд гаштани сар (аз беҳолӣ, мастӣ ва ғ.); об чарх задан (дар чашм) ашк пайдо шудан дар чашм
2. асбобҳои бо чарх коркунанда; чархи кулолгарӣ; чархи ресмонресӣ; чарху дук асбоби ресмонресии дастӣ; чарх ресидан дар чарх ресмон риштан
3. номи дастгоҳи чархдоре, ки дар он асбобҳои теғадорро дошта тез мекунанд; кордро чарх доштан кордро дар чарх тез кардан
4. маҷ. осмон, сипеҳр, фалак; чархи ахзар осмони кабуд; чархи барин осмони баланд; чархи миноӣ осмони кабуд
5. маҷ. гардиш; чархи айём гардиши рӯзгор, гузашти замон; чархи қаҷрафтор маҷ. дунёи ҷафопеша; чархи фалак а) гардиши рӯзгор; б) чархи калоне, ки ба гирдаш нишастгоҳҳо насб карда, бачаҳоро шинонда онро мегардонанд

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Смотреть что такое "чарх" в других словарях:

  • чархӣ — [چرخي] 1. ба шакли чарх, мудаввар ва гирда 2. чархдошта, ба чарх шинондашуда; трактори чархӣ 3. кҳн. тарзи махсуси бастани салла …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • осиёчарх — [آسياچرخ] осиёи бодӣ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • Чигирь — Чигирь  водоподъемное устройство в виде колеса с ковшами или барабана с канатом, снабженным черпаками [1]. Персидское колесо, использовавшееся для мелиорации в Нубии, 1838 Содержание …   Википедия

  • гардиш — [گردش] 1. гирдгардӣ, чархзанӣ, даврзанӣ: чарх ба гардиш даромад 2. сайру гашти кӯтоҳмуддат, сайру тамошо, тамошо карда роҳ рафтан 3. рафтор, ҳаракат 4. чанбари чизҳои доирашакл: гардиши доира, гардиши ғалбер 5. маҷ. тағйирот, дигаргунӣ,… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ароба — [ارابه] воситаи нақлиёти чархдор, ки маъмулан аз чӯб сохта мешавад ва аз он барои боркашӣ ва саворӣ истифода баранд; аробаи аспӣ аробае, ки онро асп мекашад; аробаи дучарха аробае, ки ду чарх дорад; аробаи каппадор аробаи болопӯш; аробаи кӯтак… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гирд — [گرد] 1. доирашакл, мудаввар 2. атроф, давр, пиромун; гирди… // ба гирди… дар атрофи…, пиромуни…, ба даври…; аз гирди… аз атрофи…, гирдогирди…; гирдгирди… атрофи…, давродаври…; гирду атроф // гирду канор // гирду пеш давродавр, ҳама ҷониби… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • дучарха — [دوچرخه] 1. дорои ду чарх, ду чарх дошта; аробаи дучарха велосипед …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • задан — [زدن] 1. кӯфтан, чизеро ба чизе сахт расондан; осеб расондан (бо даст ё чизи дигар) 2. зарба расонидан; саркӯб кардан 3. кӯбидан, тақ тақ кардан (мас., дарро) 4. бархӯрдан, расидан; ба ҳам бархӯрдан 5. тапидан, зарабон ( и дил), ҳаракат кардан 6 …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • меҳвар — [محور] а 1. тире, ки чарх дар атрофи он давр мехӯрад; меҳвари чархи ароба, меҳвари чархҳои пеши мошин, меҳвари чархи ресмонресӣ 2. ҷуғр. хати рости фаразӣ, ки як сари он ба қутби шимол ва сари дигараш ба қутби ҷануб пайвастааст ва Замин дар гирди …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • сар — I [سر] 1. узви бадани инсон ва ҳайвон, ки мағз, чашм, гӯш, бинӣ ва даҳон дар он қарор дорад, кала 2. оғоз, аввал, ибтидо; сари бозор, сари кӯча, сари таҳсил, сари тобистон, сари шаб 3. боло, рӯи; сари болин, сари кӯҳ, сари сина 4. нӯг; сари ришта …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»

We are using cookies for the best presentation of our site. Continuing to use this site, you agree with this.